Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ДАР ПАЙРАВӢ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи рӯзҳои ид ва ҷашнвораҳо аз ҷониби Гвардияи миллӣ ба ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон кумакҳои моддӣ ва тӯҳфаҳо расонида мешавад.
130 Дар баробари дигар рӯзҳои ид дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Гвардияи миллӣ ба таълимгирандагони мактаб - интернати таълимоташ махсуси шаҳри Ҳисор ва оилаҳои бесаробонмондаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ амвои озуқа, аз қабили биринҷ, орди навъи якум, равғани растанӣ, шакар ва тӯҳфаҳои солинавӣ ҷудо карда шуд. Маводи хӯрокаро афсарони раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии фармондеҳӣ то ба ҳар як нафар бурда расониданд.
Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи таълимгирандагони мактаб - интернати таълимоташ махсуси шаҳри Ҳисор, ки аксарияти онҳо маъюбон ва ятимону бепарасторон мебошанд, аз ҷониби ҳунармандони Оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ дар толори ҳамин мактаб – интернат барномаи консертӣ ташкилу баргузор карда шуд.
Хурсандии таълимгирандагони мактаб - интернат ҳадду канор надошт ва ҳар кадоме аз онҳо зимни супоридани тӯҳфаҳои солинавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар баробари ин, роҳбарияти мактаб – интернати мазкур низ аз роҳбарияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхорӣ ва кумаку дастгириҳои пайваста, хусусан ташкили чорабинии фарҳангӣ барои кӯдакон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

полковники гвардия Ф. Музаффариён,
сардори шуъбаи тайёрии тарбияи ватандӯстии
Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.