Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар низоми сиёсии давлатдорӣ ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеа ба сўи ояндаи дурахшон мебошад. Он ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар низоми идоракунии давлат ҷойгоҳи махсус дошта, на танҳо шакли расмии муроҷиат ба ҷомеа, балки воситаи муайянсозии самтҳои стратегии рушди кишвар ба шумор меравад.
130 Ҳамасола ироа гардидани паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат дар хақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст.
Имрӯзҳо дар сохторҳои гуногуни кишвар баҳри омӯзишу баррасии ҳамаҷонибаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳо, вохӯриву мулоқотҳо ва семинару конференсияҳо ташкилу гузаронида шуда истодааст.
Бо ин мақсад, баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паём омадааст, санаи 23 январи соли 2026 бо ташаббуси Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллӣ вохўриву мулоқоти аҳли илму адаб ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ бо хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ баргузор карда шуд. Чорабинии мазкур таҳти раёсати муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим Юсуф ва бо иштироки Шамсиддин Орумбекзода - узви Шўрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Рамазон Давлатзода - сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоир - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
130 Зимни мулоқот аз ҷониби ходимони давлатию ҷамъиятӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш паҳлуҳои сиёсӣ, дастоварду рўйдодҳои муҳими солҳои охири даврони соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва ҳукумати мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, вазъи мураккаб ва пешгўинашавандаи дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод шарҳу тавзеҳ дода шуда, нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ хеле назаррас зикр карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ низ ба нақша гирифта шуда, ташкилу гузаронида шуда истодаанд.
Дар баробар ҳамаи ин, дар Гвардияи миллӣ ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раёсату шуъбаҳои алоҳидаи Фармондеҳии Гвардияи миллӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти мамлакат аз 16 декабри соли 2025 зикр гадидаанд, таҳия ва тасдиқ карда шуда, аз ҷониби роҳбарият дар байни ҳайати шахсӣ пайваста корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд.

полковники гвардия Ф. Музаффариён,
сардори шуъбаи тайёрии тарбияи ватандӯстии
Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.