Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Машғулиятҳои таълимӣ - тактикии ротавӣ

130 Аз моҳи апрели соли равон тибқи нақшаи тайёрии ҷангии Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои амалии саҳроӣ бо ҳайати фармондеҳӣ ва ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, марҳила ба марҳила ҷараён доранд.
Аз ҷумла, машғулиятҳои амалии саҳроӣ бо воҳидҳои артиллерӣ, таъиноти махсус ва ҷузъу томҳои алоҳидаи қисми ҳарбии 051056 дар машқгоҳи саҳроии “Чоруқдаррон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Машғулиятҳои таълимӣ - тактикии ротавӣ ба таври намунавӣ доир гардид. Аз рўи маълумоти бадастовардаи разведка: гўё дар минтақаи муайян гурўҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки қувва ва воситаҳои ҷангии он муайян шудааст, қасди ба минтақа ҳуҷум кардан доранд. Роҳбари таълимот вазъиятро таҳлил намуда, вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва зада гардонидани ҳуҷуми душмани шартӣ дар назди ҳайати шахсӣ вазифаҳои мушаххаси ҷангӣ гузоштанд. Баъди қабули вазифаҳои ҷангӣ, ҳайати шахсӣ ба иҷрои вазифаҳо шурўъ намуданд. Амали тарҳрезишуда дар ду марҳила, яъне мудофиа ва ҳуҷум иҷро карда шуд. Нахуст ротаи аввал дар мудофиа қарор гирифта, бо истифода аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва техникаҳои дар ихтиёрдошта амал карданд. Барои ба ҳуҷум гузаштан шароит фароҳам оварданд. Дар марҳилаи дуюм ротаи дигар ба ҳуҷум гузашта, бо истифодаи қувваву воситаҳо душмани шартиро мавриди ҳадаф қарор дода, нобуд намуданд.
130 Рафти баргузории машқҳои амалӣ аз тарафи муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майори гвардия Самарзода Қиёмиддин, мушовири фармондеҳ генерал-майори эҳтиётӣ Дониёров Илҳом, роҳбарият ва сардорони шуъбаву хадамотҳои қисми ҳарбӣ назорат шуда, иҷрои амалҳои тактикиву оташфишонӣ мавриди таҳлил ва баҳогузорӣ қарор гирифт. Вобаста ба риояи чораҳои бехатарӣ, иҷрои саривақтии амалҳо ва дар маҷмўъ барои идоракунии роҳбарони машғулият ва моҳирона аз иҷрои вазифаҳои ҷангӣ баромадани ҳайати шахсӣ баҳои хуб дода шуд. Ҳамчунин бо мақсади беҳтар ва бештар мустақилона кор кардану баланд бардоштани дониш ва маҳорати ҷангии ҳайати роҳбарикунанда ёрии амалӣ расонида шуд.
130 Баъди анҷоми машғулиятҳо роҳбарияти қисми ҳарбӣ як қатор афсарону сержантон ва сарбозонро барои интизоми намунавӣ ва дар сатҳи баланд иҷро кардани вазифаҳои ҷангӣ бо ифтихорнома, соатҳои дастӣ сарфароз гардониданд.
Неъматуллои Холиқ
майори гвардия

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.