Имрӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллӣ чорабинии фарҳангӣ бо ҳамоҳангсозии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш Латифзода Асрор Қурбон - муовини раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Дустмуродзода Сурайё - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шаҳзод - намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоир - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён- муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ, афсарони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, инчунин афсарони қисмҳои ҳарбие, ки дар шаҳри Душанбе мустақаранд, иштирок намуданд.
Дар оғоз полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён чорабинии ҷашниро ифтитоҳ намуда, барои ташрифашон аз меҳмонон изҳори сипос намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Гвардияи миллӣ ҳамкориҳоро пайваста ба роҳмонда, дар ташкили чорабиниҳои варзишӣ ва илмиву назариявӣ нақши бориз доранд.
Латифзода Асрор Қурбон - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар навбати худ хизматчиёни ҳарбиро бо ҷашнҳои пурифтихори миллӣ, Рӯзи истиқлоли давлатӣ ва таъсисёбии Гвардияи миллӣ табрику шодбош гуфта, аз нақши калиди доштани Гвардияи миллӣ баҳри пойдории дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ибрози назар кард.
Рудобаи Мукаррам ва Дустмуродзода Сурайё низ аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, саҳми Пешвои миллат дар бунёди Артиши миллӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз саҳми босазои хизматчиёни ҳарбӣ ва аз ташкилёбиву ташаккули Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Гвардияи миллиро яке аз ниҳодҳои муҳим дар сохтори Қувваҳои мусаллаҳ муаррифӣ карданд. Рудобаи Мукаррам бо қироати шеъри ватандўстона, ки пур аз ифтихору эҳтироми сарзамин, васфи Тоҷикистону тоҷикон буд, рўҳияи ҳайати шахсиро болидаву баланд намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявӣ полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён ҷиҳати оростани суҳбатҳои самимӣ ва таъсирбахш бо хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ба меҳмонон изҳори сипос намуда, аз тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамзамон ба якқатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати шоиста ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯҳфаҳову ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Родмардон