Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, бо мурури замон ба ҷашни дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст. Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро қабл аз ҳама бо Наврӯз, яъне соли нави анъанавии аҷдоди хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одам падид меорад.
****
Бовар дорам, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандони ҷомеашиноси мо, аз ҷумла муаррихону мардумшиносон, минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзӯъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.
****
Наврӯз дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ рамзи эҳё ва бедории табиату ҷомеа, поксозии маънавӣ ва худидоракунии инсон мебошад. Ин ҷашни фархунда некуаҳволӣ, ваҳдат, бародарӣ ва дастгирии мутақобила, инчунин тамоми он арзишҳои фарҳангиву таърихии абадиамонро, ки халқҳои моро муттаҳид месозад, таҷассум мекунад. Ин мероси бузургро, ки аз аҷдодони умумиамон ба мо мерос мондааст, бояд ҳифз намоем ва онро инкишоф диҳем.
****
Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз- ин оини бебаҳои аҷдодии худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид фароҳам намудем.
****
Тарғиби фарҳанги Наврӯз метавонад ғоя ва амалияи Роҳи бузурги абрешимро густариш дода, ба эҷоди муштараки кор ва тиҷорат дар минтақа мусоидат намояд. Фарҳанги маърифатпарваронаи Наврӯз ҳамчунин метавонад барои тавсеаи ҳамкориҳои наздик дар соҳаҳои иттилоот, маориф, фарҳанг ва иҷрои тарҳҳои муштараки илмӣ дар бахшҳои гуногун мусоидат намояд.
****
Фарҳанги Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳар чи бештари омилҳои ҷудоиро дар байни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз аз байн бардорем.
****
Барқарор ва бунёд намудани роҳҳои иртиботӣ ва воситаҳои иттилоотӣ дар ҳавзаи фарҳанги наврӯзӣ ба таҳкими ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва равобити тиҷоратӣ дар байни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
****
Ҷашни Наврӯз дар тӯли асрҳо, дар баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.
****