Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Боздиди сарбозон аз Осорхонаи миллӣ

130 Санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” бо иштироки доираи васеи афсарону сарбозони шуҷои Ватан баргузор гардид.
Дар ибтидои ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҳамидиён, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Шарофиддин, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдурашидов Фозил ва намояндаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Замонов Абдувоҳид суханронӣ намуданд.
130 Баромадкунандагон роҷеъ ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини ҳифзу оромӣ ва сулҳу суботи кишвар андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиши фарҳангӣ аз ҷониби кормандони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе рақсу суруд ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан иҷро гардид.
130 Дар охир ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва дигар меҳмонони ҳамоиш аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути боздид аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Манбаъ: Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.