Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамкориҳоро бо дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ ҷоннок намуда, пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Дар заминаи чунин ҳамкориҳо бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 15 то 17 феврали соли ҷорӣ дар толори хониши Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назариявӣ-амалӣ бо сардорони қисмҳои сафӣ ва кадрҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ дар мавзӯъҳои «Ташкили пешбарии коргузории ғайримахфӣ дар қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ», «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ», «Тайёр намудан ва ба бойгонии идоравӣ супоридани парвандаҳо», «Таъмини беосеб нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ», «Таснифи ҳуҷҷатҳои бойгонии идоравӣ», «Баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ», ва дигар мавзуъҳо ташкил ва гузаронида шуд.
Пеш аз оғози машғулиятҳо Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лангарӣ Ҷ.С. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, минатдории хешро ба роҳбарияти Гвардияи миллӣ ҷиҳати ҳамкориҳои пайваста иброз намуд. Ҳамчунин таъкид намуд, ки дар Бойгонии марказии давлатӣ маводу ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз соли 1830 то ин ҷониб мавҷуд буда, дар бештари ҳолатҳо барои дарёфту инъикоси таърихи ҳуҷҷат ва ҳатто тақдири одамон кӯмак мекунад. Муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковники гвардия Собириён М. дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки варақгардонии парвандаи бойгонӣ ба мисли варақгардонии саҳифаи зиндаи таърихи дур ва наздики ватани худ мебошад. Баъдан меҳмонон бо мақсади шиносоӣ, аз маҳфузгоҳи Бойгонии марказӣ дидан намуда, оид ба тарзи дурусти нигоҳдорӣ ва таърихи маводу ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ба худ маълумоти муфассал гирифтанд.
17 феврал дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокдорони машғулиятҳо аз ҷониби Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳнома супорида шуд. Дар охир ба ташкилкунандагон ва фаъолон Ифтихорномаҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
PS. Чорабинии мазкур бо ташаббуси капитани гвардия Расулзода Абдулвосит, сардори Бойгонии марказии Гвардияи миллӣ, ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ дорад, ташкил карда шуд. Аз ҷониби ин афсари болаёқат дар қисмҳои ҳарбӣ низ корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Масъулият ва кордонии Расулзода Абдулвосит қобили дастгирӣ ва аҳсан мебошад
Лейтенанти калони гвардия Амирзода Саидшо,
афсари калони шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа