Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Конфронси байналмилалӣ

130 Аз 7 то 9 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 20- уми Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони 8 давлати дунё аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд, ки дар он доир ба тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи бойгонидорӣ, масъалаи ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳо ва барои рушду такомули он ибрози назар карда шуд. Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ зимни баромади хеш аз мавқеи бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, ҳамчунин Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ муҳим баён дошт.
Санаи 8-уми августи соли ҷорӣ дар доираи Ҷаласаи 20- уми Шўрои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд” баргузор шуд.
Мақсади баргузории шӯро ва конфронс пеш аз ҳама ҳамкориҳои судманди бойгониҳои давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил буда, ҳамасола аз тарафи бойгониҳои Иттиҳодияи давлатҳои мустақил дар ҳар давлати аъзо гузаронида мешавад. Дар конфронс профессорону олимони таърих ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи санъат иштирок ва маърўза намуданд.
Дар баробари дигар иштирокдорони чорабинии мазкур сардори Бойгонии марказии Раёсати корҳои Фармондеҳии Гвардияи миллӣ капитани гвардия Расулзода Абдулвосит дар мавзуи “Ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо муаррифгари таърихи миллат” маърўза намуд.
Дар охири конфронс ҷиҳати ҳамкориҳои судманди Бойгонии марказии Раёсати корҳои Фармондеҳии Гвардияи миллӣ бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати фаъолияти пурсамар капитани гвардия Расулзода Абдулвоситро бо Ифтихорномаи ҷаласаи 20- уми Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардид.
Чорабинии мазкур бахшида ба 80-солагии фаъолияти Бойгонии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.