8-9-уми декабри соли равон дар доираи нақша-чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ ҷамъомади методӣ бо сардорони қисмҳои сафӣ ва кадрҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ баргузор гардид. Яке аз мавзӯъҳои асосии ҷамъомад “Тартиби омодасозии ҳуҷҷатҳо барои супоридан ба бойгонӣ ва нигоҳдории онҳо дар бойгонӣ” буд, ки аз тарафи сардори Бойгонии марказии раёсати корҳои Фармондеҳӣ майори гвардия Расулзода Абдулвосити Тоҷидин гузаронида шуд. Номбурда талаботи коргузории бойгонидориро вобаста ба ҷамъоварӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳо, инчунин нигоҳдории онҳо дар бойгонӣ ба сардорони қисмҳои сафӣ ва кадрҳои қисмҳои ҳарбӣ фаҳмонида, фаъолияти ҳамарӯзаи бойгонидориро дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ бо иштирокчиёни ҷамъомад таҳлилу баррасӣ намуд.
Зимни ҷамъомад зикр гардид, ки бойгонидорӣ ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ буда, нигаҳдории ҳуҷҷатҳо аз нигаҳдории оддӣ ибтидо гирифта, имрӯз дар ҳомили электронӣ ва рақамӣ иҷро мешаванд. Татбиқи ин равандро дар мисолу фаъолияти ҳамарӯзаи бойгонии идораҳои давлатӣ тавзеҳ дода, то қадри имкон риояву амалӣ шудани онро дар хизмати ҳарбӣ баррасӣ намуд.
Таъкид шуд, ки барои беҳтар намудани коргузории соҳаи бойгонидорӣ дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва китоби бақайдгирии додани парвандаҳо аз бойгонӣ омода ва таҳия гардида, бо дастгирии бевоситаи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ моҳи декабри соли 2024 ба масъулини самти коргузории қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ дастрас карда шуданд.
Дар идомаи машғулият сардори Бойгонии марказии раёсати корҳои Фармондеҳӣ фаъолияти бойгонидориро дар қисмҳои ҳарбӣ натиҷагирӣ карда, соли 2025 коргузории бойгониҳои дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллиро нисбат ба соли 2024 беҳтар баҳогузорӣ намуд. Масъулин ҳуҷҷатҳоро саривақт ҷамъоварӣ намуда, дар китобҳои бойгонӣ ба қайд гирифтаанд. Ҳамин буд, ки ҳангоми санҷиши коргузорӣ дар сохтор ҷиҳати коргузории соҳаи бойгонидорӣ камбудии ҷиддӣ бақайд гирифта нашудааст. Сардори Бойгонии марказии раёсати корҳои Фармондеҳӣ зимни ҳисоботи худ иброз намуд, ки нақша доранд, то соли 2030 бо дастгирии фармондеҳи Гвардияи миллӣ тамоми ҳуҷҷатҳое, ки дар маҳфузгоҳи Бойгонии маркази мавриди нигоҳдорӣ қарор доранд, ба шакли электронӣ мегузаронанд.
Ҳуҷҷати бойгонӣ чун кафолати боэътимоди хотираи халқ дар бораи ҳодисаҳои тақдирсози кишвар, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои барҷаста ба шумор рафта, ба сифати сарчашмаи омӯзиши ҷараёнҳои таърихӣ, самтҳои асосии ташаккул ва рушди давлату давлатдории халқ дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ хизмат менамоянд. Метавон гуфт, ки бойгонӣ мероси хатии таърих ё ҳаёти дарозмуддати ҷомеаро нигоҳдорӣ мекунанд.
Майори гвардия Неъматуллои Холиқ