Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Машғулияти омӯзишӣ оид ба ҳуҷҷатгузорӣ

130 Имрӯз дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, ба танзим даровардани онҳо, барои супоридан ва нигаҳдорӣ дар бойгониҳои идоравӣ миёни сардорони қисмҳои сафӣ ва кадрҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лангарӣ Ҷамила Салмон ва муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Собириён Маҳмаднаим Юсуф иштирок намуданд. Дар оғози машғулият Ҷамила Лангарӣ аз ҳамкориҳои судманди Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллӣ ёдовар шуда, аз ҳамоҳангии ин ду ниҳод изҳори қаноатмандӣ намуд. Муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Собириён Маҳмаднаим низ дар навбати худ ба сухан баромада, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани ҳуҷҷатгузориҳо ва ҳадафи баргузории чунин машғулиятҳоро баён намуд.
130 Бояд иброз намуд, ки машғулиятҳои омӯзишӣ ҳам аз ҷониби ҳайати афсарони фармондеҳӣ ва ҳам аз ҷониби бойгонишиносону роҳбарони бахшу шуъбаҳои гуногуни Саридораи бойгонӣ аз 12 феврал то 16 феврали соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи нақшаи машғулият муайян гардид, ки машғулиятҳои омӯзишӣ аз рӯи чунин мавзуъҳо гузаронида мешаванд: пуррагардонии ҳуҷҷатҳо дар парвадаҳои шахсии генералҳо, афсарон ва прапоршикон, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои таъмину озод ва ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ; Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ; беосеб нигаҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ; таснифи ҳуҷҷатҳои бойгонии идоравӣ; истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ; тармим ва барқарорсозӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо ва дигар мавзуъҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
130 Инро ҳам ёдовар гардидан ба маврид аст, ки чунин машғулияти омӯзишӣ соли дуввум аст, ки бо ибтикори Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудаистодааст ва ҳадафи баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама омӯхтани самтҳои асосии ҳуҷҷатгузорӣ ва дуруст ба роҳ мондани онҳо дар фаъолияти минбаъдаи афсарон мебошад.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.