Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Савгандёдкунии сарбозони Гвардияи миллӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе


130
Имрӯз дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Пас аз анҷоми чорабинии мазкур маросими савгандёдкунии наваскарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, сардори Сарситод генерал-майори гвардия Азаматзода Баҳриддин, муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим, командирони қисмҳои ҳарбӣ, афсарон ва сержантону навдаъватшудагон баргузор гардид.
130 Наваскарон дар назди роҳбарияти Гвардияи миллӣ ва командирони ҷузъу томи худ матни савганди ҳарбиро қироат намуда, барои садоқат ба халқи худ ва Сарвари кишвар савганд ёд карданд, ки тамоми душворӣ ва маҳрумиятҳои хизмати ҳарбиро суботкорона паси сар намуда, сарбози бошараф боинтизом ва далеру ҳушёр бошанд.
130 Бояд гуфт, ки савганд натанҳо як матни маъмулӣ балки он изҳори садоқат ба Ватан, ба Президент ва мардуми шарафманди кишвар баҳисоб рафта, ҳисси далериву шуҷоатмандиро дар замири ҳар ҷавонмард бедор мекунад ва онҳоро барои саҳм гузоштан дар ҳимояи марзу буми Ватан, иҷрои рисолати бузурги ҷавонмардӣ яъне хизмати ҳарбӣ раҳнамун месозад. Ҳамин тавр наваскарон, ки дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ барномаи ибтидоии хизматро, ки то ин мудат сарбаландона ба итмом расонидаанд, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ савганд ёд карданд. Дар охир таҳти оҳанги оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ суруди Горди миллӣ аз ҷониби наваскарон иҷро карда шуд, ки дар ин фазои мутантан хеле рамзӣ буд.
130
Майори гвардия Неъматуллои Холиқ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.