Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Тантанаҳои ҷашни Артиш
Ошхонаи сайёри низомӣ ва таъоми сарбозӣ

Чанд соли ахир аст, ки бо ибтикори ниҳодҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ дар боғҳои шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявии ҳарбӣ-ватандӯстӣ, чорабиниҳои сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ, базмҳои рангини консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ мода шуда, ҳамзамон ошхонаи сайёри низомӣ бо як навъ таъоми омоданамудаи сарбозӣ низ пешниҳоди меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ мегардад.
130 Имсол низ ин иқдом аз ҷониби ниҳодҳои ҳарбии мамлакат ба роҳ монда шуда, дар тамоми боғҳои пойтахти кишвар чорабиниҳои гуногун ташкилу гузаронида шуд. Аз ҷумла санаи 22 феврали соли равон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар инчунин сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
130 Дар оғоз муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Ғуломзода Абдулҳошим Даврон ба сухан баромада тамоми хизматчиёни ҳарбиро бо Рӯзи Артиш табрику таҳният намуд. Пас аз ин аз ҷониби афсарони таъиноти махсуси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши муҳорибаҳои тан ба тан пешкаши ҳамагон гардонида шуд, ки ҳисси ватандўстии ҷавононро боло мебардошт. Сипас аз ҷониби ҳайати сарбозону сержантони баталёни Қаравули фахрии Гвардияи миллӣ намоиши ҳаракатҳои сафороӣ ва намоиш бо истифода аз карабин манзури ҳозир гардонида шуд. Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи консертӣ пешниҳод кардашуд, ки саршор аз суруду таронаҳои ватандўстӣ буд.
130 Дар як гушаи боғ ошхонаи сайёри низомӣ бо як навъ таъоми сарбозӣ аз тарафи масъулини Раёсати ақибгоҳи Гвардияи миллӣ дар сатҳи баланд омода карда шуд, ки ба хонандагону донишҷӯён ва умуман ҷавонону сокинони иштирокчии ин чорабинӣ пешкаш карда шуд.
130 Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳои сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ, базмҳои рангини консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ин боло бардоштани ҳисси миллии ватандӯстӣ, огаҳ намудани ҷавонону наврасон аз шароити хизмати ҳарбӣ ва бо ин васила баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.