Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Бар зидди хатар сина сипар бояд кард

130 Подполковники гвардия Фурқат Ҳамрозода хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Шавқу ҳаваси шеърнависӣ аз давраи наврасӣ дар дили Фурқат ҷӯш мезад. Гоҳ-гоҳ дар рӯзномаи девории мактаб, маҷаллаву нашрияҳои шаҳри Панҷакент порчаҳои шеърӣ, ки Фурқат онҳоро машқи қалам меномад, аз чоп мебаромад. Баъди хатми мактаби миёна эҳсоси ватандӯстӣ Фурқатро ба хизмати Модар-Ватан овард. Дар ин ҷо ҳам Фурқат аз мутолиаву эҷодкардан даст намекашид. Дар лаҳзаҳои фориғ аз хизмат ҳатман чанд мисра эҷод мекард.
Подполковники гвардия Ҳамрозода Фурқат аз соли 1994 то имрӯз дар хизмати ҳарбӣ буда, ба халқу Ватан софдилонаву содиқона хизмат мекунад. Ӯ вазифаи пурмасъул-муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявиро бар уҳда дорад. Мисли пештара дар як лаҳзаи илҳом «марворид»-ҳои фикру андешаашро ба риштаи назм мекашад. Инак, шеъри навбатӣ дар мавзӯи «Роҳҳои халосии башар аз хатар» пешниҳоди Шумо мегардад.

Бар зидди хатар сина сипар бояд кард,
Мардонагӣ бо ҷону ҷигар бояд кард.

То ин ки бубандем раҳи террору фасод,
Шайтону шарир зеру забар бояд кард.

Аз нашъаву бангу героин дурӣ бубояд,
Маҷрои ҳаёт балки дигар бояд кард.

Хоҳем, ки ба манзили саодат бирасем зуд,
Аз нафси баду бало ҳазар бояд кард.

Оёти зафар дар лабу бо парчами иқбол,
Бо неруи мардона сафар бояд кард.

Омӯхта ҳама анъанаи неки башарро,
Оини хаторо паси сар бояд кард.

Оне, ки дар ин роҳи шариф по бигузорад,
Кӯҳли басару тоҷе ба сар бояд кард.

То он ки ниятҳои накӯ ғура бигиранд,
Бас ҷаҳду талоши босамар бояд кард.

То амнияти аҳли башарро бинавозем,
Бар зодаи аҳриман зафар бояд кард.




 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.