Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин хотир санаи 5 майи соли ҷорӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” бо ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сангинзода Эмин Нуъмон, аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзо Шукурзода нависандаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сироҷиддин Икромӣ, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон, Сайфуллозода Дилошуб, мудири шуъбаи ташкили Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим ифтитоҳ намуда, риштаи суханро ба меҳмонон супорид.
Меҳмонон оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик суханронӣ намуда, Рӯзи Ғалабаро ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ самимона табрик гуфтанд.
Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Ғалаба барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихори мост, садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон паҳлӯ ба паҳлӯи намояндагони халқҳои дигар дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.
Дар анҷом полковники гвардия Муҳаммаднаим Собириён меҳмононро барои ба Гвардияи миллӣ ташриф овардан, баргузор намудани мулоқот, оростани сӯҳбатҳои самимӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуд.
Лейтенанти гвардия Насриддинзода Илоҳиҷон,
афсари шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа