Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Аз хизмат ба хизмат

130 Мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Дар баробари ин хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳатмии ҳарбиро дар ҷузъу томҳо сарбаландона ба охир расониданд, давра ба давра ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ рухсат мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки сарбозон дар хизмати ҳарбӣ дарси садоқатмандиву шуҷоат ва мардонагӣ омўхта, ҳимояи Ватан-Модарро қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ медонанд. Ҳамин аст, ки қисме аз сарбозону сержантон хизмати ҳарбиро, ки рисолати бузурги ҷавонмардӣ ва роҳи мардони асил мебошад, ба худ касб интихоб мекунанд.
Дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ барномаи мукаммали курси афсарони ҷавон ва прапоршикон аз моҳи январ то моҳи апрели соли равон идома ёфт. Ба курсҳои мазкур таълимгирандагон аз ҳисоби сарбозону сержантони хоҳишманд, ки хизмати ҳарбиро бо интизоми намунавӣ, иҷрои бечуну чарои уҳдадориҳои хизматӣ пеш мебурданд, ҷалб карда шуданд. Албатта, барои сарбаландона ба итмом расонидани барномаҳои таълимӣ ва супоридани санҷишҳои фаннӣ аз таълимгирандагон кўшишу талоши зиёд лозим меояд. Зиёда аз чил нафар сарбозону сержантон курсҳои мазкурро бо баҳои арзанда ба охир расонида, аз санҷиш ҳам гузаштанд. Моҳи апрел хатмкардагони курсҳои мазкур ба рухсатӣ рафта, як моҳ назди падару модар қарор доштанд. Дар ин миён, мутаасифона, се нафар шарафёб нагардиданд ва барои онҳо муҳлати таълим тамдид карда шуд.
130 Ҳамин тариқ, баъд аз рухсатӣ санаи 30-юми апрели соли равон Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода бо хатмкардагони курси афсарони ҷавон ва прапоршикон ҳамсуҳбат шуда, ба онҳо барои сарбаландона хатм кардани курсҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба хатмкардагони марказ таъкид кард, ки минбаъд ҳам дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо масъулияти дучанд рафтор намуда, барои пешрафти хизмат ва ноил гардидан ба дастовардҳои шоён ҷаҳду талош намоянд.
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон хатмкардагони Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллиро бо рутбаҳои навбатии ҳарбии “прапоршики гвардия” ва “лейтенанти хурди гвардия” сарфароз гардонида, ба вазифаҳои муносиб таъин намуданд. Онҳо аз якуми май ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурўъ мекунанд.
Неъматуллои Холиқ
майори гвардия

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.