Истиқлол озодист. Магар неъмате беҳтару хубтар ҳаст, аз озодӣ. Муҳаммади Ҳаҷозӣ мефармояд: «Танҳо неъмате, ки ба ранҷи зистан меарзад, озодист».
Боре эҳсос намудаед, дили реши парандаи дар қафас бударо. Ҳаркӣ ва ҳарчӣ бояд озод дар макони худ бизияд, то лаззати умр донад ва маънии зиндагии хешро дарёбад.
Ҳар шахс хонаи худро мувофиқи табъу андозаи шароиташ бунёд месозад. Мудохала ва роҳнамойии каси дигарро хуш надорад. Табиати инсон ҳамин гуна аст. Яке ранги сурхро дӯст медораду каси дигар ранги сафедро. Болини гарму нарм ва хонаи кушоду барҳаво ба кӣ писанд нест. Одамон ҳамеша ва дар ҳар давру замон барои озодӣ мубориза мебурданду мебаранд. Як умр пой дар занҷир будан низ ғайриимкон аст. Одамон ба пеш ҳаракат мекунанд, на ба қафо. Чархи таърихро низ ба қафо баргардонда намешавад. Зиндагӣ тавассути эъҷозкории инсонҳо рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мешавад. Созандагию зебоипарастӣ бо ҳам тавъам буда, баҳри дилро ба туғён меоранд. Риояи ин эҳсосоти олӣ хуррамию некӣ ва дилхушӣ меорад.
Туғёне сафинаи миллати тоҷикро аз асорати ҳамешагӣ соҳили мурод расонд ва давраи нави таърихӣ – Истиқлол Парчам афрохт. Халқи тоҷик мустақилу соҳибихтиёр шуд.
Истиқлол арзишест, ки масаррату фароғат, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озидӣ ва нишоту осоиштагӣ эҳдо намуд.
Истиқлол якдилист. Агар некбинона ба имрӯзу фардо нигарем, ҷараёни босуръати тараққиёт ва азнавсозиро мебинем, ки наметавон онро ба воситаи дигаре пайдо кард. Истиқлол муҷиби озодиву ободӣ ва амният буда, бо хости дил зистанҳост. Яъне хонаи мо, деҳу шаҳри мо ва кишвари мо бо хости дили мо ва табъу нозукии эҳсоси мо бунёд карда мешавад. Дар ҳақиқат 33 соли бо хости дил зистанҳо Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи Замин намуд…
Истиқлол ба Тоҷикистони хурдакак дили бузург бахшид…