Бо фармони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон таҳти рақами 190 аз 3 декабри соли 2025 «Дар бораи гузаронидани ҷамъомадҳо бо командирони қисмҳои ҳарбӣ, сардорони ситодҳо, муовинони командирон, сардорони шуъбачаҳои разведка, алоқа, тиббӣ, молия, махфӣ ва сардорони қисмҳои сафӣ ва кадрҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ» ҷамъомадҳои таълимӣ оғоз гардид, ки то санаи 27-уми декабри соли 2025 идома меёбанд.
Машғулиятҳоро масъулини алоқаи Сарситоди Гвардияи миллӣ дар заминаи қисми ҳарбии 051052 оғоз намуданд. Полковники гвардия Шарифзода Зариф, сардори шуъбаи алоқаи Сарситоди Гвардияи миллӣ ба чорабинӣ тайёрии ҳамаҷониба дида, мавзӯъҳои дарсиро вобаста ба талаботи замони муосир ташкил намуд, ки барои сардорони хадамоти алоқаи қисмҳои ҳарбӣ ёрии амалӣ дар пешбарии хизмати ҳарбӣ мебошад. Навҳои телефону радиодастгоҳҳо, GPS ва дигар воситаҳои алоқа, ташкил намудани алоқа дар чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ, таъинот, хислатҳои техникӣ, воситаҳои нави алоқа ва истифодаи он дар ҷангҳои муосир, нигоҳ доштани реҷаи махфият ва риояи қоидаҳои бехатарӣ мавзӯъҳои асосии ҷамъомади таълимӣ интихоб гардид. Машғулиятҳо ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ гузаронида шуданд.
Мақсад аз гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани маҳорату малакаи масъулини алоқа дар қисмҳои ҳарбӣ оид ба дуруст ташкил намудани алоқа, бо масъулият иҷро намудани вазифаҳои ҷангӣ мебошад. Аз ҷониби дигар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои алоқа ба воситаи машғулияту санҷиши маҳорату малака ба сатҳи тайёрии ҷангӣ, дониш ва қобилияти хизматчиёни ҳарбӣ-шахсони вобастаи алоқа баҳои дуруст дода метавонанд.
Родмардон