Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори хатми курси омӯзишии навбатӣ ва соҳиби рутбаҳои ҳарбӣ гардидани гурӯҳи сержантону сарбозон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода, курсантонро барои бо муваффақият хатм намудани курси афсарони ҷавон ва прапоршикон табрик гуфта, иброз дошт, ки ҳифзи кишвар ва амнияти давлат аз дониш, маҳорат ва садоқати ҳар як хизматчии ҳарбӣ вобаста аст.
Ҳамзамон дар ҷамъомати мазкур зикр гардид, ки давлату ҳукумати кишвар ба хусус Сарфармондеҳии Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Барои соҳибмаълумот гардидани ҷавононе, ки хизмати Модар-Ватанро анҷом додаанд, як қатор имтиёзҳоро низ фароҳам овардаанд.
Ҳамчунин Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода илова намуд, ки маҳз мову шумо метавонем, дар якҷоягӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатиро таъмин намуда, садоқати худро ба Ватан – Модар бо хизмати софдилонаву далерона исбот намоем.
Бояд гуфт, ки хатмкардагони курси афсарони ҷавон ва прапоршикон пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, ихтиёран роҳи хизмати ҳарбиро интихоб намуда, давоми се моҳ дар Маркази тайёрии кадрҳо барномаи мукаммали таълимиро аз худ карданд.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ сержантону сарбозон аз ҷониби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои аввали ҳарбӣ қадрдонӣ шуданд. Акнун онҳо бо рутбаҳои ҳарбӣ ва таҷрибаи андӯхта ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ мекунанд.