Башарият дар масири таърих барои муттаҳидиву сарҷамъӣ, ғурури миллӣ, пешгирӣ аз нифоқу ҷудоӣ ва низову зиддиятҳо аз воситаҳои гуногун истифода менамояд. Яке аз ин воситаҳо тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон мебошад. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ аз оила маншаъ мегирад. Оила бошад гурӯҳи хурди одамон буда, муносибатҳоро дар асоси қоидаҳои одобу ахлоқ ба вуҷуд меоварад. Шахсони барпокунандаи оила – зану шавҳар аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани тифл тарбияи дурусти онро бояд аз рӯи қоидаҳои ахлоқӣ ба нақша гиранд ва масъулияти худро дар назди ҷомеа ба ҷо оранд. Масъулияти падару модар дар назди давлат ва ҷомеа бениҳоят баланд аст. Чунки агар фарзанд барои падару модар меваи умр, ҷону ҷигарбанд ва пояи асосии нигоҳдории оила бошад, барои ҷомеа шаҳодатномаи миллат, ворис ва ояндаи давлат мебошад. Аз ин рӯ эҳтирому арҷ гузоштан ба ин ё он чиз шарти аввали инсониву ватандорист. Сарвари давлат дар яке аз мулоқотҳояшон бо аҳли зиё чунин баён намудаанд: «Ҳар як шахс, ки миллати худ, ватани худро дӯст медорад ва эҳтиром менамояд, бояд ба қадри ин арзишҳо расад ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ – таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ тарбия намояд ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ намоянд».
Агар падару модар тавонанд аз хурдӣ ба фарзанд забон, таърих ва анъанҳои гузаштагонро омӯзанд, бегуфтугӯ ояндаи дурахшони ватанро таъмин карда метавонанд. Шоҳасари бузурги тарбия омӯхтани анъанаҳои ниёгон аст. Чунки гузаштагони мо шахсони одии дур аз кибру ғурур, кароҳату ҷаҳолат ва тазвиру маъсият буда, меҳнаткашу меҳнатқарин, инсондӯсту ятимпарвар ва хайрхоҳу саховатманд буданд. Онҳо озори касе ё чизеро раво намедиданд. Чизи худро соҳибӣ мекарданд, ба молу зану фарзанди касе чашм ало намекарданд ва танҳо луқмаи ҳалолро фурӯ мебурданд. Ба калонсолон ва падару модарон эҳтироми хоса доштанд ва бе дуои хайри онҳо ба коре даст намезаданд. Зан ҳам шарм дошту мард ҳам, духтар ҳам шарм дошту писар ҳам. Одоби нек, забони пок ва дасти кутаҳ аз гунаҳ доштанд. Онҳо инсонҳои дур аз қатлу куштор, фисқу фуҷур ва бераҳмию бероҳагӣ буданд. Рӯзгори онҳо ба коштану ғундоштан, дӯхтану дарбеҳ кардан, ресидану бофтан, сохтану обод кардан ва тарошидану аз як навъ ба навъи дигар олоти рӯзгору корӣ омода кардан сипарӣ мешуд. Бародар бо бародар дӯст буду ҳамсоя бо ҳамсоя. Меҳру муҳаббат буду раҳму шафқат. Барои андак гуноҳе бахшиш пурсиданҳо буду тавба карданҳо. Мусибати хонадоне мусибати аҳли деҳ буду хурсандии яке хурсандии ҳама. Фарзанд аз нигоҳи рамздори падару модар тарбия мегирифт, на бо хӯрдани мушту калтак. Эҳтироми падару модар ва калонсолон барои ҳар фард воҷиб буд. Ҳурмату одоб дар мақоми аввал меистод. Ҳар шахс адаби хешро нигоҳ медошт, то ба ҷое бирасад. Зулму истибдод ва хиёнат ба Ватан дар тасаввури касе ҷой надошт. Инсонҳо ҳақпарасту ҳақгӯ буданду файзу баракати замину замон арзонӣ. Ҳама гуна китоб барои инсонҳо муқаддас буд. Занҳо боиффат буданду мардҳо боғайрат. Инсонҳо аз ранҷиши арвоҳи бузургон метарсиданд. Сухани пасту баландро ба нишонии касе раво намедиданд. Чунин буд рӯзгори пур аз фазилату зебоӣ, рӯзгори писандидаву рӯзгоре пур аз дастуру ҳидоятҳои ниёгони мо.
Ҷурм дар гардиши айём аст ё дар каҷкории инсонҳо, ки баъзан ҳаракоту баракот вожгуна амалӣ мегардад. Тасаввур, зоҳиру ботин ва тамоми ҳастиву буду набуди қисме аз одамон ба фазои маҷозӣ пайванд гардида, онҳоро ба рӯъёҳои мубҳам мекашад. Ҳатто баъзан калонсолон ва пирон низ ба ин дарди бедаво гирифторанд ва вақти пурқимати худро қурбони тамошои беарзиши саҳифаҳои фазои маҷозӣ мекунанд. Мардҳо бо нағмаву усулҳои гуногун ва расмҳои беадабона, занҳо ба лабҳои ғафсу андоми нимурён наворҳои ба шаънашон номуносибро ба намоиш гузошта, кӯшиш мекунанд, ки сазовори лайкҳои бештар гарданд. Ин тоифа мардуми дар ғафлатмонда боре ҳам андеша намекунанд, ки ба фарзандони худ чӣ дода метавониста бошанд. Наворҳо, расмҳои бемаънӣ ва ё шумораи лайкҳояшонро? Ба фарзанд ҳамаи ин бесарусомонӣ лозим нест. Фарзанд ба меҳру муҳаббату навозиши падару модар ниёз дорад ва мӯҳтоҷи фазои солими зиндагӣ, хӯроки гарм, либоси тозаву ҷойхоби нарм, китобҳои бачагонаи хушсурату шунидани лолоиву «буд набуд»-и афсонаҳо. Дар акси ҳол онҳо низ роҳи худро пайдо мекунанд… Ба ҷуз пешомади тира дигар чӣ чиз ҳам наврасонро метавонад истиқбол кунад? Онҳо низ наворҳою расмҳои мувофиқи синну солашонро пайдо карда, вобастаи ҳавопарастӣ ( шаҳватпарастӣ, ҳавасронӣ, ба кайфу сафо додашавӣ) мешаванд. Аз мактабу китобхонӣ дур шуда, дигар на аз сиёсати падару модар метарсанд, на аз суду милиса. Зиёну зарари ба ҷомеа расондаи онҳоро дигар касе пардохт карда наметавонад. Ҷаҳони муосирро бе пешрафти илму техника тасаввур кардан амри муҳол аст. Агар одамон боақлона аз интернет истифода баранд, нуран алонур мешуд. Бо истифодаи вақти андаке аз китобҳои гуногуни дилхоҳ ва ҳамаи ҷузъиётҳои ҷаҳон воқиф мегарданд. Илмҳои замонавиро аз бар карда, забонҳои гуногунро меомӯзанд ва дар навбати худ касбҳои зиёдеро аз бар мекунанд. Аммо интернет дигару ҳақиқат дигар аст. Дар ҳар сурат набояд фарҳанги миллӣ аз мадди назар дур монад.
Раҳму шафқат ва дӯстиву бародарӣ бояд асоси зиндагӣ бошад. Даст задани ҷавонон ба қатлу куштор, одамрабоӣ, таҷовузи ноболиғон, муноқишаҳои байнимактабӣ ва истифода аз корду дигар асбобҳои зиёновар яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, ҷомеаро ба ташвиш меорад. Бузургон фармудаанд:
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ бар ҳама офоқ зад.
Чунин нобасомониҳоро аз боғчаву куча то коргоҳу идора метавон мушоҳида кард, ки аксарияти гунаҳкорон дар доираи қонун ба ҷавобгари ҷиноӣ кашида мешаванд. Вале ҳар як амали ношоиста ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Моҳи майи соли равон бадрафтории як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ нисбати наваскарони ҳамин ниҳод расонаӣ шуд. Баъди таҳлилу таҳқиқи мақомот гунаҳкорон аз 9 то 11 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ин ба он оварда мерасонад, ки ихлосу боварии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ кам шуда, волидонро ба ташвиш меорад. Фаромӯш набояд кард, ки бо чунин рафторҳои ношоям мо ҳаёти хоҳару бародар, модару падар ва дӯсту ҷигарбандони худро зери хавф мегузорему амнияту осоиши ҷомеаро халалдор месозем.
Муҳити носолими оила метавонад фарзандро ба дунёи дағалию бадрафторӣ, кибру ғурур ва ҳавопарастӣ гирифтор созад. Фарзанд азизест, ки наметавон ӯро бо чизи дигаре иваз кард ё касеву чизеро ба ҷойи ӯ пазируфт. Аз ин рӯ, волидайнро зарур аст, ки дар тарбияи фарзанд беаҳамият набошанд ва дар баробари таълим ба онҳо тарбияи хубу одоби наку омӯзонанд. Чунки бузургон гуфтаанд: - Дарвеши тамом адаб аст. Яъне ҳар вақте ва ҳар ҳоле ва ҳар мақомеро одобе аст. Пас ҳар кӣ муҳофизати одоб кунад, ба мақоми мардон бирасад.
Саодат Сатторӣ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон