Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд


130 22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастаҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос нигаронида мешавад.
Дар ин ҷода амалисозии Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026 заминаҳои мусоиди густариши футболи ҷавонон, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаро дар кишвар фароҳам оварда истодааст.
130 Аз пешравию комёбиҳои дастаҳои миллӣ ва мунтахаби ҷавонону наврасони мамлакат дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон, ҳамкориҳои босамари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), аз ҷумла дар самти татбиқи барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушду маъмулгардонии футбол назаррас арзёбӣ гардид.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешбурди муштараки ташаббуси болозикр ба ҷониби Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Либия ва ба кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, инчунин, барои дастгирию ҳамкориҳои судманд ба Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино изҳори миннатдорӣ карданд.
Дар охир муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол василаи муҳимми тарғиби варзиш ва пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор гардида, Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар раванди фарогиртар ва таъмини дастрасии футбол бо Федератсияи байналмилалии футбол, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкории густурда дошта бошад.


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.