Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост!


130 Рӯзи 27 июни соли 1997 барои халқи соҳибтамаддуни мо санаи муҳим ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва ҳамаи Шумо ҳозирини арҷмандро самимона табрик намуда, ба ҳар як шаҳрванде, ки таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон, оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин менамоянд, саломативу сарбаландӣ таманно менамоям.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқуъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардид.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон ҳодисаҳои нангин рӯй доданд. Гурӯҳбозӣ ва майдоннишинӣ оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар натиҷаи нооромиҳо ва ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардид, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонида шуд. Мутахассисони варзида тарки Ватан намуданд.
Хушбахтона, ақли солим ва нияти сулҳҷӯёна дастболо шуду дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Конститутсионӣ таъсис ёфт ва фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд.
Баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон, бо Муроҷиатнома ба мардуми кишвар, ки ҳамчун барномаи стратегию ҳадафманд барои ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии мамлакат ва рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нигаронида шуда буд, баромад намуданд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқату самимияти беандоза иброз дошта буданд, ки “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам.... Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Баҳри ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам”.
Таърих нишон дод, ки Сарвари давлат ба суханони худ содиқона вафо намуданд, бо кору пайкори ҷоннисорона ва қаҳрамононаи худ онро амалӣ карданд. Сабақҳои талхе‚ ки халқи мо‚ аз ин ҳодисаҳои фоҷиабор гирифт, бояд аз насл ба насл дар хотираҳо боқӣ бимонанд.
Дар ҷараёни ҳодисаҳо мардуми мо дарк намуданд‚ ки ҷудоиандозӣ ва кӯшишҳои қувваҳои иғвогари пасипардагӣ‚ чӣ гуна бадбахтиҳо ба бор оварда метавонад.
Ваҳдати миллӣ ба хотири он буд, ки модарон осуда, фарзандонашонро ба хизмати Ватан фиристанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун модар барояшон муқаддас аст.
Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, гурезаҳо ба кишвар баргаштанд, қатли бародар аз дасти бародар хотима ёфта, дар дили мардум шуълаи меҳр ба оянда фурӯзон шуд ва зиндагӣ ба як низоми муайян даромад.
Маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳо ва ҷасорату шуҷоати Президенти кишварамон ҳокимияти давлатӣ дубора барқарор шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияти худ барои таъмини амният ва риояи қонуният шурӯъ намуд.
Сиёсати мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон дар сатҳи давлатӣ оғоз гардида, дар натиҷа чандин давраи музокирот ва гуфтушунидҳо байни намояндагони давлат ва мухолифони тоҷик дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва Москва баргузор шуданд.
Натиҷаи ниҳоии ин гуфтушунидҳо 27 июни соли 1997 бо ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ хотима ёфта, дар кишварамон сулҳу осоиштагӣ тантана намуд.
Дар ин рӯз ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае‚ ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст‚ дар ҳамаи оилаҳо интизор буданд‚ фаро расид.
Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат‚ рӯзи 27-уми июн дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон ва ҳамасола ба таври умумихалқӣ ид мегардад.
Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони азизамон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории мо оғоз гардид.
Имзо гардидани ин санади тақдирсоз рамзи сарҷамъии миллат, иттиҳоди мардум ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, мардуми моро ба саодату некрӯзӣ расонид.
Мардуми шарифи кишвар тӯли 21 соли Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ кору зиндагӣ менамояд. Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки халқи мо дар роҳи бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта, дар кӯтоҳтарин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Бо ин мақсад, давлату ҳукумати мамлакат диққати асосиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, сохтмони роҳҳо ва корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ равон карда, то имрӯз дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Истиқлолияти энергетикӣ, таъмини барномаи озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҷумҳурӣ бо шарофати ноил гардидан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омада, дар ин самтҳо қадамҳои устуворона гузошта шуд.
Имрӯз дар фазои Ваҳдати миллӣ барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҷумла, рушду нумуи Қувваҳои Мусаллаҳ шароити мусоид фароҳам омадааст.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани дараҷаи иқтисодиёти кишварамон ва бо ин роҳ беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва хизматчиёни ҳарбӣ, чораҳои зарурӣ меандешанд.
Маҳз ин нуктаҳо дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд.
Ин дастуру ҳидоятҳо моро бори дигар вазифадор менамоянд, ки барои садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва Ватан, баланд бардоштани сатҳи тайёрӣ ва омодабошии ҷангӣ, малакаи касбӣ, вусъати корҳои тарбиявӣ ва мубориза ба муқобили ҳама гуна қонуншиканиҳо, пайваста чораҳои иловагӣ ва таъсирбахш андешем.
Зеро, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомию муҳофизи худро мебинад.
Дар ҳақиқат, Артиши миллии мо ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфта, Ватани азизамонро садоқатмандона муҳофизат мекунад. Таҷрибаи давлатдории миллату халқиятҳои олам собит менамоянд, ки ҳар давлату ҷомеа оромию сулҳу салоҳро бе Қувваҳои Мусаллаҳи пуриқтидори худ таъмин карда наметавонад. Чунки амнияти кишвар, оромию осоиштагии мардум ва сулҳу субот бевосита ба иқтидору маҳорати ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагӣ дорад.
Сарвари давлат борҳо дар баромадҳояшон таъкид намуданд, ки амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ пеш аз ҳама ба тинҷиву оромии кишварамон вобаста мебошад.
Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи иқдомоти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори пурқувват, бонизом ва муосири ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои басо мураккабе вогузор шудаанд, ки иҷрои онҳоро фазои мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, вазъи шадиди геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳои бартарӣ ва таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ тақозо менамоянд.
Аз ин рӯ, дар шароити авҷ гирифтани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ - аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карда, чунин вазъ аз ҳамаи мо, хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ тақозо менамояд, ки аз ҳарвақта дида, бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошем.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва нерӯву малакаи касбии худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии сокинони кишвар равона намоем.
Боварии комил дорам, ки афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан - Модар, Президенти кишвар ва миллату давлат бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни фархунда, 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар роҳи ҳифзи сулҳу Ваҳдат ва марзу буми Ватани азизамон ба ҳамаи Шумо барору муваффақиятҳо орзу менамоям.

Прокурори ҳарбии шуъбаи назорати
таҳқиқ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва
дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии
Тоҷикистон подполковники адлия

Мусамирзода Ҷ. М.


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.