Дар ҷаласаи васеи Гвардияи миллӣ нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли ҷорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон, муовинони фармондеҳ, ҳайати шахсии фармондеҳӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи ҷаласа Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳо дар самти муаррифии дастовардҳои кишвар ва муайян намудани дурнамои рушди давлат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад. Дастоварду музаффариятҳои 35-соли Истиқлолияти давлатӣ, таҳлилу муқоисаҳо дар самту соҳаҳои иқтисоду саноат, мавқеи сиёсии кишвар, роҳу нақлиёт, энергетика, ҳаёти иҷтимоӣ ва дигар самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, Сарвари давлат таъкид намуданд:
“Маҳз таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ расида наметавонем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад”.
Пас ин сулҳу субот ва ваҳдату якдилиро чун гавҳараки чашм бояд ҳифз кунем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва пеш аз ҳама мо хизматчиёни ҳарбӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши муҳим дорем.
Вазъи пуртазоди ҷаҳон ва минтақа моро водор мекунад, ки беш аз ҳарвақта барои таъмини амният, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти кишвар ва баланд бардоштани ҳувияти милливу ҳисси ватандӯстии аҳли ҷомеа саъю кӯшиш намоем.
Дар идомаи ҷаласа ҳайати фармондеҳӣ иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти таҳкими истиқлолият, таъмини амнияти давлат ва ҳифзи ҳаёти осоиштаи мардум аз мо маҳорату малакаи касбӣ, донишҳои ҳарбӣ, ғайрату ҷасорат ва доштани ҳисси баланди ватандӯстиро тақозо дорад.
Ҳамчунин дар фарҷом роҳбарияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон командирони қисмҳои ҳарбиро вазифадор намуд, ки дар ҳама ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ дар робита ба дастуру супоришҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида, нақшаи корӣ таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани он саъю кўшиш намоянд.
Родмардон