Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ба савганди худ содиқем



130 10 апрели соли 2025 дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори сержантону сарбозоне, ки тибқи даъват хизмати ҳарбиро бо муваффақият анҷом дода, ба эҳтиёт рухсат шудаанд, ҷамъомади тантанавӣ, баргузор гардид. Тибқи анъанаи низомиён Парчами ҷангии Гвардияи миллӣ ба майдон бароварда шуда, таҳти оҳангҳои мутантани оркестри ҳарбӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Ҳайати шахсӣ дар ҳамовозӣ бо оркестри ҳарбӣ суруди миллиро иҷро намуданд. Сипас, Сардори Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гвардия Азаматзода Баҳриддин сарбозонро бо ин рӯзи фаромӯшнашавандаи хизмати ҳарбӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Шумо муддати ду соли хизмат таълим гирифта, ҷавонмардони баркамол шудаед. Аз дониш, маҳорату таҷрибаи ҳар яки Шумо на танҳо падару модар, инчунин Ватану миллат умеди калон доранд. Боварии комил дорам, ки аз ин баъд ҳам Шумо бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳамеша дастовардҳои кишвари соҳибистиқлолро муҳофизу нигаҳбон ҳастед ва ба савганди ёдкардаи худ то нафаси охирин содиқ мемонед.
Дар идомаи ҷамъомад сарбозоне, ки хизмати Модар-Ватанро бо нишондодҳои баланд ва интизоми намунавӣ ба итмом расондаанд, бо ифтихорнома, мактубҳои минатдорӣ ба волидон аз номи фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фараҳбахшу хотирмони ҷамъомад маросими хайрбод буд, ки сарбозон бо яке аз муқаддастарин нишонҳои хизмати ҳарбӣ - Парчами ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша ҳамсафу фахри онҳо буд, хайрбод гуфтанд.
Ҷамъомади тантанавиро таҳти оҳангҳои мутантани ҳарбӣ расми гузашти низомӣ анҷом бахшид. Албатта, ҳар як амали шоиста боиси сарбаландӣ, ифтихору шараф аст. Ба хусус хизмати Модар - Ватан, ки анҷом додани он яке аз меъёрҳои ҷавонмардӣ буда, дар ҳама давру замон қарзу вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Родмардон


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.