Имрӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон бо тантана таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати роҳбарикунандаи Гвардияи миллӣ, афсарон ва сарбозон иштирок доштанд.
Меҳмонон вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент аз Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Президент нишонаи эҳтиром ва эътирофи умумихалқии фарзанди фарзонаи миллат, шахсияти бузурги таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Заҳмату талошҳо, ҷонбозиву қаҳрамониҳои ин абармарди замон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҳазорон ҳазор гурезагон ба Ватан баргаштанд. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар сол ба сол беҳтар гардид. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гашт. Барқарор намудани сулҳу ваҳдати пойдор ҳамчун мактаби сулҳофарӣ дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифт. Имрӯза тантанаҳо маҳз ба хотири ҳамин заҳмату бунёдкориҳо, арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён саҳми Пешвои миллатро дар бунёди давлати соҳибистиқлол, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба обу тағйирёбии иқлим бесобиқаву бузург арзёбӣ кард.
Қобили зикр аст, ки мактаби давлатсозиву ватандории Президенти кишвар намунаи олии пайравӣ буда, барои насли ҷавон мактаби худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Родмардон