Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Эмомалӣ Раҳмон-рамзи ватандӯстӣ,
садоқат ва худшиносӣ

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҳайати роҳбарикунандаи Гвардияи миллӣ, намояндагон аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вориди минбар шуданд. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби афсарон шурӯъ гардид.
130 Дар идомаи чорабинӣ муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим бо нутқи пурмуҳтаво аз иҷлосияи таърихӣ сухан оғоз намуд. Сипас меҳмонони ҳамоиш бо навбат ба сухан баромаданд. Шарифзода Саидҳомид, сардори раёсати омӯзиши масъалаҳои амниятии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Розиқзода Дилошуб аз дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун санаи таърихӣ ва ба арсаи сиёсат баромадани Сарвари давлат, нақши созанда ва бунёдгузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон маърӯза намуданд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои бузурге мебошанд, ки на танҳо дар ташаккули давлатдорӣ ва созандагию бунёдкорӣ, балки барои муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи миллати тоҷик корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.
130 Дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро, ки хоҷагони хориҷӣ ба сари миллати тоҷик оварда буданд, хомуш карда тавонистанд, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ раҳо диҳад. Маҳз бо заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон истиқлолияти комил ва сулҳу амният пойдор гардид. Таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва афкори созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба рафъи мушкилоти мардуми сайёра дастгирӣ намуда, дар амал татбиқ менамоянд. Дар ин рӯзи таърихӣ аз қаҳрамонӣ, ободиву бунёдкорӣ ва заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат ёдовар шудан, аз рӯи ифтихор ва ихлосмандии халқи тоҷик ба Пешвои худ мебошад.
Баромади шоираи ширинкалом Раънои Мубориз, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода лаҳзаи фароғат ва рӯҳбаландии хизматчиёни ҳарбӣ гардид. Шоира бо мисраҳои ҷаззоб сухан оғоз карда, ҷасорату қаҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба риштаи назм даровард, ки мудаои дили хизматчиёни ҳарбӣ гардид. Ҳар як мисрае, ки шоира аз боби корномаву заҳматҳои Пешвои миллат қироат мекард, афсарон бо кафкубӣ истиқбол менамуданд.
130 Дар охири ҳамоиш подполковники гвардия Фурқат Ҳамрозода дар васфи Тоҷикистон ва ватандорӣ аз эъҷоди хеш порчаҳои назмӣ қироат намуда, иброз дошт, ки то охирин нафас барои Тоҷикистони маҳбуб хизмат карда, ба Президент, ба Ватан ва халқи бузурги тоҷик содиқ мемонем.
Дар воқеъ, имрӯз халқи шарафманди Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон, муваффақияту комёбиҳо, ба сӯи амалӣ гаштани ормонҳои халқи тоҷик қадам мегузорад. Имрӯз кулли хизматчиёни ҳарбӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлолият содиқона хизмат мекунанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.