Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Озмунҳо дар Гвардияи миллӣ

130 ОЗМУНИ
«Беҳтарин қисми ҳарбӣ»
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба вусъат додани ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозагии муҳити зисти сарбозон, яъне тозагии ҳудуд, атрофи қисми ҳарбӣ ва дигар макону мавзеъҳои таъиноташон гуногуни хизмати ҳарбӣ, инчунин тибқи супориши фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин қисми ҳарбӣ»-ро эълон менамоем. Озмуни мазкур аз 20 январи соли 2024 оғоз шуда, 20 марти соли 2024, дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст мегардад. Низомномаи озмунро раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ омода мекунад. Ғолибони озмуни мазкур аз ҷониби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида мешаванд.
«Мавқеи қонун дар ҳаёти инсон»
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа дар якҷоягӣ бо шуъбаи ҳуқуқии фармондеҳӣ ба муносибати 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии раёсату шуъбаҳои алоҳида ва қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ озмуни мақолаҳоро дар мавзӯи «Мавқеи қонун дар ҳаёти инсон» эълон менамояд. Ғолибони озмуни мазкур аз ҷониби Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида мешаванд.
Эзоҳ: Мақалоҳо ба нашрияи «Родмардон» пешниҳод карда шаванд. Озмун дар арафаи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад. Мақола бояд аз ду саҳифаи чопӣ, шрифти 14 иборат бошад.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.