Натиҷаҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2024 10 январи соли 2025, дар маҷлиси васеъ бо иштироки муовини Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон генерал- лейтенант Файзуллозода Шараф Ҷаббор ва фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-лейтенанти гвардия Ҷамолзода Бобоҷон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тайёрии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ дар ин давра тибқи талаботи Амру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ барои соли 2024 ва протоколҳои ҷаласаҳои назди Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ба роҳ монда шуд, ки дар маҷмӯъ иҷро гардидаанд, изҳор намуд фармондеҳи Гвардияи миллӣ.
Таҳлилҳо ҳангоми гузаронидани ҷамъомадҳои ҷамъбасти солона дар самтҳо дар моҳи декабри соли 2024 нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти ҷузъу томҳои Гвардия миллӣ назар ба ҳамин давраи соли 2023 беҳтар гардида, дар ҳамаи самтҳои хизмати ҳарбӣ пешравиҳо дида мешаванд.
Яке аз вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ ҳифз ва ҳимояи иншооти махсусан муҳими давлатӣ мебошад ва дар ин самт ҳайати шахсӣ аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ сарбаландона баромада, дар чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ фаъолона иштирок намуданд, дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми босазо гузоштанд.
Хизмати шоистаи ҳайати шахсӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар бо медали «Ҷасорат», 1 нафар бо «Ифтихорнома», инчунин 1 нафар бо рутбаи ҳарбии «генерал-майори гвардия» ва 2 нафар бо рутбаи ҳарбии «полковники гвардия» сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин аз тарафи фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда 500 нафар хизматчёни ҳарбӣ бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ ва медалҳои ҷашнии Гвардияи миллӣ сарфароз гардонида шуданд, таъкид шуд дар идомаи ҷаласа.
Ҳамчунин оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати машғулиятҳои омӯзишӣ, дониши касбию сиёсӣ, машқҳои мунтазами тактикӣ, ба талаботи замон мутобиқ гардонидани омодабошии ҷангӣ, тарбияи кадрҳои лаёқатманд, сайқал додани маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, интизоми ҳарбӣ, таъминот бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ, амволи шайъӣ, озуқа ва дигар масъалаҳои муҳими хизмати ҳарбӣ изҳори назар намуда, фармондеҳи Гвардияи миллӣ вобаста ба самтҳои асосии хизмати ҳарбӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон муовини Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон маълумот дода, хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллиро ба софдилонаву содиқона иҷро намудани вазифаҳои ҷангиву хизматӣ ҳидоят намуд
Дар анҷоми ҷаласа барои ноил гаштан ба комёбиҳо дар самти омодабошии ҷангӣ, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, тайёрии ҷангӣ, тайёрии давлатию ҷамъиятӣ, интизоми ҳарбӣ, таъминот ва ҳолати аслиҳаю техникаи ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳӣ дар соли 2024 қисми ҳарбии 051057 (полковники гвардия Бобохонзода Ҷурахон, командири қисми ҳарбӣ) сазовори ҷои якум дониста шуда, бо «Байрақи сайёр» сарфароз гардонида шуд. Қисми ҳарбии 051059 (подполковники гвардия Тағойзода Дилшод, командири қисми ҳарбӣ) сазовор ҷойи дуюм дониста шуда, бо «Байрақчаи сайёр» сарфароз гардонида шуд. Дар байни ротаҳои қисмҳои ҳарбӣ бошад ротаи қаровули фахрии қисми ҳарбии 051054 (капитани гвардия Раҳмонзода Айниддин, командири рота) сазовори ҷои намоён дониста шуд ва бо «СИПОСНОМА» сарфароз гардид.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ