Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Иҷлосияи тақдирсоз

430 Баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди муҳими сиёсӣ мебошад, ки ба шарофати он дар кишвар сохти конститутсионӣ барқарор ва пояҳои давлатдории миллӣ тақвият ёфт. Халқ роҳбару пуштибони худро дар симои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кард. Чунин иброз намуданд дар вохӯрие, ки ба ифтихори 30-солагии баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони фармондеҳи Гвардияи миллӣ, муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, муовини декани факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Икромӣ Фазлиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи баргузории иҷлосияи тақдирсоз сухан гуфта, таъкид кард, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб доир гардид, рӯйдоди бузурги таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ин иҷлосия сарнавишти давлат ва миллати тоҷик муайян гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ-сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат оташи ҷанги дохилӣ хомӯш карда шуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор гардид, ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ шуд. Рамзҳои давлатӣ, ки нишони соҳибистиқлолии кишваранд, тасдиқ ва Конститутсияи Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Муҳимтар аз ҳама баъд аз гузашту гуфтушунидҳои зиёд Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид.
Дар идомаи вохӯрӣ муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷӯрабек ва муовини декани факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дабирҷони Муҳаммад аз дастовардҳои 31 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ёдрас шуданд: дар ҷумҳурӣ сулҳу суботи комил ҳукмфармо буда, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар раванди бунёдкорию созандагӣ бо суръат идома дорад. Татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ, ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисоди мамлакат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар, аз ҷумла дастгирии ҷавонон, ятимону эҳтиёҷмандон, баланд бардоштани мақоми зан ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст. Албатта, ин бозгӯи таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.
Чорабиниро муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар бо қаҳрамонӣ, ҷасорату фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ақлу заковати азалии халқи тоҷик ба даст омадааст. Мо хизматчиёни ҳарбӣ Сулҳу Истиқлоли Тоҷикистони маҳбубро шарафу номуси худ дониста, содиқона ҳифз менамоем.
430


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.