Дар тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳадафҳои созандаи халқи мо аз Паём то Паём тавассути роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуданду мардуми меҳнаткаши мо бо руҳбаландии ватандӯстона аз пайи иҷрои онҳо мегарданд. Дар ин радиф, паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат аз оғоз то имрӯз роҳнамои созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин миллати соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд. Ҳар сол дар паём ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба нав гузошта мешаванд, ки имрӯз моро ба ин марҳилаи ободонӣ ва ба сатҳи дигари зиндагӣ расонданд.
Бояд гуфт, яке аз омилҳои асосии иҷрои ин паёмҳо боиси ба чунин дастоварду комёбиҳо ноил гардидани Ватани ҳамешабаҳорамон шудаанд. Ин ҷиҳат ангезаҳои ватандӯстонае ҳастанд, ки дар ҳар паём - дар ҳар сухани баландмазмуни Роҳбари давлат баён мегарданд.
Дар оғози Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардид, ки соли 2024 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот бо шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат боз як соли бобарор гардид.
Дар воқеъ, Паёми Пешвои миллат барои тамоми аҳли ҷомеа, аниқтараш барои ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар дастури муҳиммест, ки аз бандҳои алоҳидаи он метавон давоми як соли пурра самтҳои фаъолияти корӣ ва ҳам рӯзгори худро муайяну мушаххас сохт. Ба таври дигар, агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Роҳбари давлат аҳаммият диҳем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.
Он аҳамияти муҳимми илмӣ, назариявӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва маънавию тарбиявӣ дошта, чун санади пурарзиши роҳнамо барои муайянсозӣ ва пешрафти давлатдории миллӣ хизмат менамояд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар баробари таҳлилу баррасии тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самти маориф ба таври хеле васеъ мавриди таҳлилу таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шуд. Пешвои миллат доир ба муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, махсусан бунёди 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ андешаҳои воқеъбинона баён намуда, онҳоро ба комёбиҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мансуб донистанд.
Дар ин замина, вазифаи мақомоти давлатӣ, бахусус ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки на фақат бандҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ диҳем, балки дар мафкураи ҳар сокин ин фаҳмишро ҷой кунем, ки аз паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ намоянд.
Дар баробари баррасии тамоми масъалаҳои ҳалталаб, чун дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат, дар Паёми навбатӣ аз 28-уми декабри соли 2024 дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф мавқеи марказиро ишғол намуд. Тавре баён гардид: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».
Роҳбари давлат дар ин паёмашон бо дарназардошти торафт ҷойгоҳи баландро касб намудани кадрҳои баландихтисоси забондон, ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилотро амри зарурӣ арзёбӣ карданд. Вобаста ба ин таъкид доштанд, ки «Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад».
Ҷойгоҳи илму донишро дар ҷаҳони муосир ба инобат гирифта, Пешвои миллат чунин иброз намуданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».
Бо андешаи «ман як кишвареро медонам, ки чандон бузург нест, вале аз лиҳози иқтисодӣ ва технологӣ бисёр пешрафтаву неруманд аст», Сарвари давлат аҳли ҷомеа, хусусан насли ҷавонро як навъ ба омӯзиши донишҳои муосир ва навовариву ихтироот даъват карда, қотеъона таъкид доштанд, ки «то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».
Дар паёмҳои пешини худ низ Пешвои миллат ҷавононро қишри пешқадами ҷомеа дониста, нақши онҳоро дар таъмини тараққиёти тамоми соҳаҳо баланд арзёбӣ кардаанд. Яъне, Сарвари давлат бо хушҳолӣ борҳо эътимоду боварии хешро ба ҷавонон баён дошта, аз ин насли фаъоли ояндасоз умеди калон доштанро таъкид намудаанд. Ин навбат низ, дар паёмашон изҳор карданд, ки «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт».
Дар идома, бо ифтихор изҳор доштанд, ки «ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».
Аз ин лиҳоз, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани намояндагони пешоҳанги ин насли давлатсозро қарзи инсонӣ дониста, чунин таъкид карданд: «Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем».
Дар ин росто, бо андешидани чораву тадбирҳои муассир, Пешвои миллат бо дарназардошти вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносии ҷавонон ва ифтихори миллӣ доштани онҳоро амри воқеӣ арзёбӣ карданд.
«Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад».
Дар идомаи Паёми навбатиашон иброз намуданд, ки: «Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад».
Тавре дар тамоми суханрониву паёмҳояшон ба зираку ҳушёр будани ҷавонон таъкид мекунанд, ин навбат ҳам Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки «ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд».
Воқеан, ҳам маҳз нодонию бесаводии иддае аз ҷавонон роҷеъ ба масоили эътиқодӣ ва дину оин, беэҳтиромию эътироф накардани аҳли илм ва напурсидану огоҳ набудани онҳо боиси гумроҳӣ ва қабул кардани ақидаву афкори бегонагон мегардад. Ба ибораи дигар, ақлро дар паси эҳсосот ва динро дар паси хурофот гузоштан хатои тақдирии ҳар як фард, бахусус ҷавони ноогоҳ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар ин замони бархӯрди фарҳангҳо, ки тавре мушоҳида мешавад, дар як муддати кӯтоҳ марзҳо аз ҳам варшикаста ва давлатҳои алоҳида бо сокинони бумиашон несту пароканда мегарданд, зарур аст, ки ҳар як ҷавони кишвар пайрави ақлу илм ва боварҳои солими эътиқодӣ бошад, на пайрави эҳсосоту хурофот ё шахсиятҳои алоҳидаи хурофотпарасту бесавод. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат вазъияти ниҳоят нозуки замони имрӯзро ба инобат гирифта, дар ин паёмашон бори дигар таъкид доштанд, ки «хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад».
Дар идома, боз ҳам изҳори боварӣ намуданд, ки «ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Ногуфта намонад, ки мо дар ин матлаби худ ҳамагӣ чанд нуктаро аз Паёми навбатии Президенти кишвар ёдовар шудем. Суханони роҳнамо, масъалаҳои фарогири тамоми паҳлуҳои рӯзгори мардум, ҳадафҳои волои миллӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ҳар сатри Паёми Пешвои миллат ҳар яки моро ба ҳал ва иҷрои саривақтии онҳо ҳидоят месозанд. Аз ин рӯ, месазад, ки матлаби худро бо ин суханони саршор аз меҳру муҳаббат ва раҳнамосозандаи Роҳбари давлат ҷамъбаст кунем:
«Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Майори гвардия,
Сардори Бойгонии марказии Раёсати корҳои
Фармондеҳии Гвардияи миллӣ
Расулзода А.