Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид

Шаҳри Душанбе «Пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026» эълон гардид. Пойтахти фарҳангии Осиё эълон шудани шаҳри Душанбе аз ҷониби Шурои иҷроияи фарҳангии Осиё 28 ноябри соли 2025 тасдиқ гардид. Ин матлабро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
130 Иброз гардид, ки мақсади эълони ин сол аз ҷониби Шурои иҷроияи фарҳангии Осиё аз муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд ва таҳкими ҳарчи бештари зарфияти фарҳангии давлатҳо ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ ва идеяи фазои ягонагии фарҳангӣ иборат аст.
«Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳоло бо 23 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои бародаршаҳрӣ дошта, бо 5 шаҳр, аз ҷумла Москва, Тошканд, Пекин, Чэнду ва Ханджоу дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ муносибатҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст», -афзуд Бахтиёр Шарифӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 робитаҳои хориҷии шаҳри Душанбе тақвият ёфтанд. Корхонаву ташкилоти шаҳр бо зиёда аз 62 давлати хориҷӣ, аз ҷумла 52 кишвари хориҷи дур ва 10 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монданд.
Бахтиёр Шарифӣ иброз намуд, ки фарҳанг чун самти муҳими иҷтимоӣ дар сиёсати шаҳрӣ мавқеи махсус дошта, масъулин барои ба таври шоиста баргузор намудани иду ҷашнҳо ва рушди соҳа чорабиниҳои мақсаднокро амалӣ намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои 2017-2025 дар шаҳри Душанбе 76 боғу гулгашт бунёд ва навсозӣ гардид. Дар айни замон дар ҳудуди пойтахт 17 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот ва Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» фаъолият менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.