Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Таҷлили Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсоз

130 Дар асоси нақша-чорабиниҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 –уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти Гвардияи миллӣ, намояндагон аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони ҷузъу томҳо ширкат намуданд.
130 Дар ифтитоҳ сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Азаматзода Баҳриддин тамоми ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки воқеан 16 ноябр дар кишвар рӯзи таърихӣ ва оғози марҳилаи нави давлатдорӣ сабт гардидааст. Бо шарофати ин рӯз Тоҷикистон тавонист марҳилаи наверо бо кӯшишу талошҳои фарзона -фарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намояд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки соли 2016 бо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҷашн гирифтани ин рӯз рамзи арзи эҳтиром ва қадршиносӣ ба нақши бузурги Президенти кишвар дар таъсис ва таҳкими давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи комил мебошад.
Дар ин росто аз ҷониби баромадкунандагон зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали роҳбарӣ сиёсати сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро ба даст гирифта, имрӯз ба як сиёсатмадори барҷастаи сулҳофар ва ташаббускори ҷаҳонӣ муарифӣ мешаванд.
130 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо хиради азалӣ ва сиёсати дурандешонаи муваффақ миллатро аз парокандагӣ ва кишварро аз хатарҳои барҳамхурӣ раҳо созад. Таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро пушти сар карда, ба сохти конститутсионӣ рӯ овард. Иқтисодиёт рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, мардум аз тангдастӣ, душворӣ ва ранҷу машаққат раҳоӣ ёфта, зиндагии осоиштаро соҳиб гаштанд. Инчунин баён шуд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои бемисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери як хайма таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз қувваҳои пуриқтидори ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Дар фарҷом миёни меҳмонон ва иштирокдорон доир ба корномаҳои Сарвари мамлакат ибрози андеша баён гардида, ҳамоиш ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.




 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.