Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Дар фарҳангу тамаддуни мо Зан- Модар ҷойгоҳи хосса дорад


130 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи занон ва мавқеи онҳо дар раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад. Тўли солҳои пурбаракати Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, қарору фармон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ки дар асоси ҳар кадоми он барои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Ҳамаи ин дастуру супоришҳо дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ мебошад, дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудаанд.
7 марти соли равон Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Ҷамолзода Бобоҷон хизматчиёни ҳарбӣ-занону бонувон ва кормандони ғайринизомии фармондеҳиро бо Рўзи Модар табрик намуда, барояшон тандурустӣ, саодати рўзгор ва дар кору фаъолияти хизматӣ муваффақият таманно кард. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо, тоҷикон иззату эҳтироми Зан- Модар ҳамеша ҷойгоҳи хосса дорад. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, бо ташаббусу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми занону бонувон ҳукми қонунӣ гирифт. Яъне фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» соли 1999 ба тасвиб расид. Бо дастуру супориши Сарфармондеҳи Олӣ занону бонувон дар раёсату шуъба ва хадамоти ақибгоҳ, дар вазифаҳои сардори амбор, сардори ошхона, масъулини амволи шаъйӣ ва дигар вазифаҳои ақибгоҳ хизмат мекунанд. Ҳамчунин аз ҳисоби занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда низ фаъолияти пурсамар доранд.
130 Фармондеҳи Гвардияи миллӣ таъкид кард, ки мо минбаъд ҳам ин анъанаро давом дода, ҳар чи бештар бонувонро ба ин вазифаҳо ҷалб менамоем ва барои пешбурди хизмати ҳарбӣ шароити мусоид фароҳам меоварем.
Дар анҷом ба занону бонувон мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.