Дар асоси Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хониши 2025 дар тамоми ҷузъу томҳои гвардия санаи дуюми январ оғоз гардид. Дар ин рӯз афсарону сарбозон бо тайёрии ҳамаҷониба дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати оғози соли таҳсил ширкат намуданд.
Чорабинии тантанавии ҳайати фармондеҳӣ, қисмҳои ҳарбии 051053, 051054 дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051054 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори Сарситод-муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Баҳриддин Азаматзода иштирок намуда, ҳайати шахсиро ба муносибати оғози соли хониш табрик намуд. Аз муваффаққиятҳо дар соли сипаригардида ёдовар шуда, барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ дар соли хониши 2025 ба ҳайати шахсӣ барору комёбӣ таманно намуд. Дар идомаи баромади худ сардори Сарситод вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақаро таҳлил намуда, афсарону сарбозонро барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва иҷрои софдилонаву содиқонаи вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии кишвар барои беҳтар намудани шароит, буду боши хизмат ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуданд, ки аз моҳи сентябри соли 2025 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз баланд карда мешавад.
Баъди анҷоми чорабинии тантанавӣ ҳайати шахсии афсарону сарбозон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар нуқтаҳои таълимӣ мавзуъҳои муҳими хизматро, ки ҳар рӯз бо он рӯ ба рӯ мегарданд, аз худ намуданд. Аз ҷумла, тартиби ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда оид ба риояи талаботи чораҳои бехатарӣ ҳангоми муомила бо силоҳи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳо, пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ, расонидани ёрии аввали тиббӣ, талаботи чораҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, сухторхомӯшкунӣ, воистаҳои барқӣ ва монанди ин мавзуъҳо дар соатҳои аввали дарсӣ гузаронида шуд.
Дар идомаи рӯзи аввали машғулиятҳои таълимии давраи таҳсили зимистонаи соли 2025 дар ҳама қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ фармону директива ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда ба ҳайати шахсӣ расонда шуд.
Бо фармони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъули қисмҳои ҳарбӣ, ки аз ҳисоби муовинони фармондеҳ ва сардорони раёсат таъин шудаанд, барои назорати раванди таълим дар ҷузъу томҳо иштирок карда, ҳайати шахсиро барои омӯзиш ва аз худ намудани барномаҳои таълимӣ роҳнамоӣ намуданд.
Аз баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, ташкили машғулиятҳои таълимӣ маълум гардид, ки ҳайати шахсӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаанд ва аз уҳдаи вазифаҳои ҷангӣ ва хизматӣ дар соли хониши 2025 ҳам сарбаландона баромада метавонанд.
Неъматуллои Холиқ
майори гвардия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>