Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Табрикот

430
Табрикоти
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти гвардия Ҷамолзода Бобоҷон
ба муносибати Соли нави мелодӣ


Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикон, сержантону сарбозон! Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар хизмати пуршарафатон комёбиҳо таманно дорам.
Соли 2021 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли тоҷик соли хотирмону фараҳбахш, соли музаффариятҳо сабт гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари амну субот, имкониятҳои рушди иқтисодӣ, сайёҳӣ, диёри обҳои мусаффо ва пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муаррифӣ намуд.
Соли сипаригардида барои халқи тоҷик соли таърихӣ ба шумор меравад, зеро дар ин сол мардуми сарбаланди кишвар ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуд. Аз файзу нусрати ин неъмати бебаҳо бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ, сохтмони бинову иншооти таъиноташон гуногун вусъати тоза гирифт. Баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, оммавӣ ва иштироки меҳмонони хориҷӣ нишони эҳтиром ва эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона, соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ буда, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар татбиқи иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлил ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ дар баробари мардуми шарифи кишвар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд. Ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон санаи 7-уми сентябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 30 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ бо масъулият ва омодагии баланди сафороӣ иштирок намуданд. Дар арафаи ин ҷашни бузурги миллӣ хизмати шоиста, ҷасорату диловарии 19 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карда, дар таъмини амният ва баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок карданд. Яке аз ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ Саммити ҷашнии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай буд, ки 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз таҳлилу баррасӣ, ҳалли масъалаҳо, пешниҳоди ақидаҳо оид ба мушкилоти минтақа ва ҷаҳони муосир дар барномаи СҲШ мавқеи кишварҳо дар ояндаи наздик муайян гардид. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кулли мамолики ҷаҳон, аз ҷумла бо ҳамсоякишварҳои худ муносибати сулҳҷӯёна ва хайрхоҳона дорад, аммо мо хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳамеша барои ҳифзу мудофиаи марзу бум, истиқлолу амнияти давлат ва ҳимояи нангу номус, яъне муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми арзишҳои олии он ҳамеша тайёр бошем.
22 июли соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 100 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар - «Марз 2021» дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ оварда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Сарвари давлат дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуданд. Ба омодабошии ҷангии Артиши миллӣ баҳои баланд дода, ба ҳайати шахсӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Чуноне ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон «Марз 2021» таъкид карданд: «Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем».
Бояд қайд кард, ки Гвардияи миллӣ дар таркиби Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми оҳанин мавқеи назаррас дорад. Моро зарур аст, ки барои муқовимат ва пешгирӣ намудани хатару таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ тамоми кӯшишу ғайрат, маҳорату малакаи касбии хешро истифода бурда, омодабошии ҷангии ҷузъу томҳоро дар сатҳи баланд нигоҳ дорем. Боварии комил дорам, ки ҳар яки Шумо, хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ вазифаҳои ҷангии худро бо масъулият ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро намуда, ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонед ва рисолати ҷавонмардии худро сарбаландона иҷро мекунед.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба фарорасии Соли нави мелодӣ аз сидқи дил муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки фазои кишвари мо доимо софу беғубор, ҳаёти халқи тоҷик осудаву файзбор ва ояндаи Тоҷикистони азиз боз ҳам ободу дурахшон бошад.
Соли нави мелодӣ муборак, гурдони далери Ватан!


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.