Имрӯз хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ - 31 солагии Истиқлоли давлатӣ ва 27- солагии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тантана таҷлил намуданд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони гвардия ва ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. Дар аввал Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ расонда, онҳоро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт. Аз роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ёдовар шуданд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо пеш аз ҳама садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд. Дар идома аз паёми табрикии Пешвои миллат таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд. Илова намуданд, ки ҳар як командир вазифадор аст, ки дар замири аскарон ватандӯстиву ватанпарвариро тарбия намояд ва онҳоро маҳорату малакаи ҷангӣ омӯзонад.
Сипас, Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода аз кӯмаку дастгириҳои Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карда, аз дастовардҳои Гвардияи миллӣ дар тӯли 27- соли фаъолият ва вазифаҳои ояндаи ҳайати шахсӣ ёдовар шуданд. Дар идомаи чорабинии тантанавӣ як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои хизмати шоиста ва нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, гурӯҳи дигар аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, мактуби миннатдорӣ ба волидон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, ғолибони озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву варзишӣ, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлолият ва Рӯзи таъсисёбии гвардия гузаронида шуда буд, бо ҷоми Фармондеҳ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардид.
Дар қисмати дуюми ҷамъомади тантанавӣ Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ маҳорати ҳарбии хешро бо ҳаракатҳои махсуси низомӣ, яъне платс-консерт бо силоҳ намоиш доданд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои алоҳида муҳорибаҳои танбатанро бо диловарӣ, чусту чолокӣ пешниҳоди ҳозирин намуданд. Қобилияту омодагии худро дар иҷрои вазифаҳои ҷангӣ намоиш дода, садоқату самимияти худро ба Ватан, ба Президент ва халқи бузурги тоҷик баён намуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллӣ таҳти оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти низомии ҳайати шахсии Баталёни Қаравули Фахрии Гвардияи миллӣ, афсарони дастгоҳи марказӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, хизматчиёни ҳарбӣ - занону бонувони Гвардияи миллӣ ва дигар ҷузъу томҳои зудамали гвардия ҷамъбаст гардид.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМҶТ