Аз ҳамоиши ходимони давлатӣ, аҳли адаб бо хизматчиёни ҳарбӣ
24 июн дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир гардид, ки дар он ходимони давлатӣ, аҳли фарҳанг ва муовинони фармондеҳ, афсарони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 051052, 051053, 051055 ва 051064 иштирок доштанд.
Ато Ҳамдам, нависандаи халқии Тоҷикистон, яке аз иштирокчиёни Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли толорро ба ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, суханро аз таърихи баргузории иҷлосияи тақдирсоз, аз раванди музокироту вохуриҳо ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ оғоз намуд. Таъкид шуд, ки дар ҳашт даври музокирот, бисту як вохурии расмӣ, ки чор сол идома ёфт, сару сарвари мо, фарзанди фарзонаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили ваҳдати миллӣ ва барқарор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистони ҷангзада гардид. Адиб ёдовар шуд, ки таҷрибаи сулҳофарӣ, корномаву қаҳрамониҳои Пешвои миллатро барои ҳаёти осоиштаи миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар асарҳояш инъикос намудааст. Ҳамчунин адиб аз сафарҳои фарҳангӣ, пажуҳишҳои худ дар боби эҳёи фарҳанг сухан карда, хизматчиёни ҳарбиро ба худшиносӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуд.
Дар идомаи ҳамоиш Ҷонибек Асрориён, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳори андеша карда, қайд намуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробаранд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, Эъломия барои Тоҷикистон ҳуҷҷати расмие буд, ки истиқлолиятро ато кард. Вале сулҳу субот, ҳаёти осоишта, ваҳдату якдигарфаҳмиро дар кишвар Созишнома таъмин намуд. Албатта, бо заҳмату қаҳрамониҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ваҳдат калиди соҳибистиқлолӣ аст. Таъкид шуд, ки агар ба сиҳифаҳои таърих назар андозем, давлати тоҷикон хеле куҳан ва дорои ҳудуду марзҳои васеъ будааст. Баъди тақсимоти ноодилона дар як макони хеле кучак қарор дорад. Ва ҳамин Эъломияву Созишнома охирон имконияти ҳамчун давлат боқӣ мондани миллати тоҷик буд.
Мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шарифзода Додхудо, директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» -и ДИП ҶТ Иброҳимзода Зафаршо, сардори раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Амир изҳори андеша карданд.
Мақсаду мароми ҳар як тоҷику тоҷикистони аст, ки бояд дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гашта, барои боз ҳам ободу пешрафта шудани ватанамон софдилонаву содиқона хизмат намоем.
Дар пайравӣ ба андешаҳо ва фаъолияту хизмати ҳамарӯза сержанти калони гвардия Ваҳдатшо Мариншоев чунин баёни андеша кард: Мо пайравони Пешвои миллат, сарбозони Гвардияи миллӣ дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асоси кору зиндагӣ қарор дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлол, сулҳу субот, таъмини амният ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ҳамеша омодаем.
«Родмардон»