Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Гвардияи миллӣ зодаи истиқлол аст

Аз ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати
ҷашнҳои муқаддаси миллӣ

130 Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ – 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тантана таҷлил намуданд. Нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати шахсӣ садо дод. Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони гвардия иштирок намуданд. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми табрикии Пешвои миллат-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ расонда, онҳоро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфтанд.
130 Аз роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар роҳи мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ёдовар шуданд.
130 Ҳамчунин таъкид гардид, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ мебошад, ки вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо пеш аз ҳама садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд. Дар идомаи паёми табрикии Пешвои миллат таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд.
130 130 Сипас, Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода аз кӯмаку дастгириҳои Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карда, аз дастовардҳои Гвардияи миллӣ дар тули 28 соли фаъолият ва вазифаҳои ояндаи ҳайати шахсӣ ёдовар шуд. Дар идомаи чорабинии тантанавӣ 16 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои хизмати шоиста ва нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, гурӯҳи дигар аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардиданд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллӣ таҳти оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти низомии ҳайати шахсии Баталёни Қаровули Фахрии Гвардияи миллӣ, афсарони дастгоҳи марказӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, хизматчиёни ҳарбӣ - занону бонувони Гвардияи миллӣ ва дигар ҷузъу томҳои зудамали гвардия ҷамъбаст гардид.
130 Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМҶТ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.