Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Давраи таҳсил бо машғулиятҳои намоишӣ оғоз гардид

430 Аз сеюми июли соли равон дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимсолаи дуюми соли хониши 2023 оғоз гардид. Ба муносибати нимсолаи дуюми таҳсил дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051054 ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати фармондеҳӣ, афсарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии 051053 ва 051054-и Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. Ҷамъомади мазкур зери оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбӣ бо ворид намудани Парчами ҷангӣ оғоз шуд. Сипас ҳайати шахсӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро якҷо қироат намуданд. Дар маросими тантанавӣ Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода иштирок намуда, ҳайати шахсиро бахшида ба саршавии давраи таҳсили тобистона табрик намуд.
430 Фармондеҳи Гвардияи миллӣ натиҷаи фаъолияти хизматии ҳайати шахсии қисму воҳидҳои Гвардияи миллиро дар нимсолаи аввали соли хониш мухтасар таҳлил намуда, барои дар сатҳи зарӯрӣ иҷро намудани вазифаву уҳдадориҳо, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, хизмати қаровулӣ, интизоми ҳарбӣ ва гузаронидани мусобиқаву чорабиниҳои зеҳниву фарҳангӣ, ба ҳайати шахсӣ изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки давраи таҳсили тобистонаи хониш бояд тибқи Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ, талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар дастурамалу ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда бозҳам хубтар амалӣ карда шавад. Аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба ҳар кадом дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо ҳисси баланди масъулият рафтор намуда, дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва устувор нигоҳ доштани амнияти давлат саҳми арзандаи худро гузорад.
430 Рӯзи аввали таҳсил чун анъана бо машғулиятҳои намоишӣ ва дастурдиҳӣ оғоз гардид. Барои гузаронидани ин машғулиятҳо нуқтаҳои таълимӣ омода карда шуданд, ки ҳайати шахсӣ дар он пеш аз ҳама риояи талаботи асосии ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, Директива, Фармону супоришҳо, гузарондани машғулиятҳои намунавӣ ва қоидаҳои бехатариро дар ҳолатҳои гуногуни хизматӣ аз худ карданд. Дар ҳар як нуқтаи таълимӣ вобаста ба самтҳои хизматӣ базаҳои таълимӣ ва шиору овезаҳо барои намоиш ва омузиши ҳайати шахсӣ ташкил карда шуд. 430 Машғулиятҳоро афсарони собиқадори хизмат, ки алакай дар самтҳои худ таҷрибаи зиёд доранд, доир намуданд. Албатта, ҳар кадоме аз ин машғулиятҳо дар раванди хизмат барои сарбозону афсарон ҳамчун дастурамали таълимӣ ба кор меоянд.
430 Қобили зикр аст, ки дар ин рӯз чунин ҷамъомадҳои тантанавӣ ва ташкили нуқтаҳои таълимӣ дар ҳама ҷузъу томи Гвардияи миллӣ баргузор карда шуд. Барои табрики ҳайати шахсӣ ба оғози давраи таҳсил намояндагон аз фармондеҳии Гвардияи миллӣ ташриф оварданд.
Ҷаҳду талош ва кушишу ғайрати ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷузъу томҳо нимсолаи дуюми соли хонишро бо сарбаландиву муваффақият ва нишондодҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.

Капитани гвардия Неъматуллои Холиқ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.