Санаи 13 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти унвони "Модарон ба аёдати сарбозон мераванд” ташкил гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулманонзода Заррина муовини раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора ва як гурӯҳ модарону ҷавонон иштирок намуданд.
Дар ин рӯз модарон ва ҷавонон ба аёдати сарбозон бо дастовези идона нону шириниҳо ташриф оварда, бо вазъи хизмат дар сафи Артиши миллӣ аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Дар оғоз меҳмонони чорабинӣ аз бозиҳои футбол, волейбол ва шоҳмоту шашкабозии сарбозон дидан намуданд. Пас аз он бошад дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ширкат варзиданд. Муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора сарбозони далеру шуҷои ватанро барои хизмати шоиста ва ҳифзи сулҳу оромии кишвар изҳори сипос намуда, аз таъриихи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чанд нуктаро иброз доштанд. Муовини раиси ноҳияи Сино иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳамкорӣ ва ошно гардидан аз вазъи хизмати сарбозон имрӯз ба ин қисми ҳарбӣ ташриф оварданд ва барои сарбозон кумаки яквақтаина аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар тӯҳфаҳо тақдим карданд. Ҳамчунин дар интиҳо хони идона ва барои болидахотирии афсарону сарбозон барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияи Сино ташкил гардид.
Санаи 14-уми феврали соли равон низ бо иштироки муовинони Раиси ноҳияи Сино Исматов И,Қ. ва муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва як гурӯҳ модарон дар қисми низомии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бахшида ба "Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои идона доир намуданд.
Дар оғоз муовини раиси ноҳия ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат изҳори назар намуда, афсарону сарбозонро бо омад омади Рӯзи артиши миллӣ табрику таҳният намуд. Муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим низ дар навбати худ суханронӣ намуда, аз хизмати содиқонаву софдилонаи афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ ёдовар гардид.
Дар интиҳо дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат, модарон ва сарбозону афсарон шодиву нишоти идона намуданд. Ҳамчунин дар ин қисми низомӣ низ хони идона ороста шуд.
Родмардон